Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит.

16.12.2011

Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит.

Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит - имоми босафо ва сироҷи умматони Мустафо, шахсияти барҷаста дар таърихи фиқҳи исломӣ, яке аз пешвоёни суннат ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Номи комили ӯ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Зӯто ибни Марзбон будааст. Бештари сарчашмаҳои таърихӣ Нӯъмон ибни Собитро эронитабор гуфта, асли ӯро аз Кобул навиштаанд. Имом Заҳабӣ дар "Тазкиратулҳуффоз" менависад, ки Абӯҳанифа зодаи шаҳри Кӯфа (дар Ироқ) соли 80-уми ҳиҷрӣ, мувофиқ ба 699-уми мелодӣ тавалуд ёфтааст. Дар бештари навиштаҳое, ки ба шарҳи ҳоли Имом Абӯҳанифа бахшида шудаанд, зиндагонии Имоми Аъзамро дар ҳудуди солҳои 80 - 148- и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба солҳои 699 - 767-и мелодӣ зикр кардаанд. Абҳанифа дар назди аҳли суннат яке аз бузургтарин фуқаҳо ба шумор меравад. Заҳабӣ дар "Тӯҳфатулҳуффоз" меорад, ки Абӯҳанифа саҳобии ҷалили паёмбар Муҳаммад (с) Анас ибни Моликро дар Кӯфа борҳо дидааст. Аз бузургоне чун Ато ибни Абӯрибоҳ, Нофеъ мавлои ибни Умарва Муҳаммад Боқир ҳадисҳои паёмбар (с)-ро ривоят кардааст. Ба ривояте Имом Абӯҳанифа фиқҳу усулро назди Ҷаъфар писари Муҳаммад (машҳур ба Имом Ҷаъфари Содиқ назди аҳли шиа) омӯхт. Аммо аҳли суннат ва ҷамоат ин назарро қабул надоранд. Ривоятҳое аст, ки дидори Абӯҳанифа бо Имом Боқирро тасреҳ мекунад.Гӯё дар он дидор, ки дар Мадина анҷом шудааст, Имом Боқир равиши қиёси Абӯҳанифаро ба танқид кашидааст. Абӯҳанифа чун мансаби қазоро ки аз сӯйи халифа Мансури аббосӣ пешниҳод шуда буд, қабул накард, ба амри халифа ӯ ба зиндон афканда шуду дар он шиканҷаву фзоб дид. Дар соли 150-уми ҳиҷрӣ баробар ба 767-уми мелодӣ ин абармарди таърихи фиҳи исломӣ дар асари заҳролудагӣ олами фониро падруд гуфт. Вале Абӯҳанифа бо нақши созандае, ки дар таъсиси як мазҳаби исломӣ дошт, номаш дар сафаҳоти таърих сабту ородиҳандаи маҳофили донишмандон дар ҳама қарнҳои баъди зиндагониаш гардид.

Комментарии (0)Просмотров (1373)


Зарегистрированный
Анонимно