Создать сайт
Понравился? Нажмите -
@ADVMAKER@

Ҳадисдонии Имоми Аъзам

16.12.2011

Ҳадисдонии Имоми Аъзам

 

Чунон ки имом Ибни Юнус мегӯяд: "Абӯҳанифа ҳадисро хуб дар ёд дошт. Фиқҳро ба ҳадис мувофиқ намуда, таҳқиқ мекард ва фиқҳи дар ҳадис бударо аз дигарон беҳтар медонист". Имом Абӯюсуф (р) мегӯяд: "Ҳеч касро дар тафсири ҳадис надидам, ки асрори нозуки фиқҳро чун Абӯҳанифа нуктасанҷона маънидод карда тавонад". Яҳё ибни Муин мегӯяд: "Абӯҳанифа дар ҳадис мавриди эътимод буд ва танҳо аз аҳодис сухан мегуфт, ки ҳифз кардаву дар ёд дошт". Гузашта аз ин дар ҳудуди ҳафдаҳ китоби муснад аз муснадҳои Имоми Аъзамро ба тавре мураттаб фармудаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо ба эътибори ҳаҷм аз "Сунан"-и Имом Шофеӣ камтар намебошад. Шояд дар китобҳои ҳадис, ки чанде пас аз замони Имоми Аъзам (р) гирдоварӣ шудаанд, ҳадисҳое дида шавад, ки такя ба он ҳукм кардааст. Ин бошад ба он далел шуда наметавонад, ки Имоми Аъзам аз ин ҳадисҳо огоҳ набуд. Баръакс шояд ин ҳадисҳо ба ӯ расида буданд, вале ӯ бинобар шуруте, ки дар пазируфтани ривоятҳои ҳадис дошт, дар он иллате ё заъфе ёфта, онҳоро сазовори мавриди истидлол қарор надодааст. Дар охир сухани имом Шаъронии Шофеиро меорем, ки мегӯяд: "Ин бадгӯиро касе мекунад, ки нисбат ба Имом Абӯҳанифа (р) таассуб дорад ва дар иртибот бо умури динӣ бисёр ҷасуру бебок мебошад ва дар сухан гуфтан, беэҳтиёт аст ва аз ин дастури илоҳӣ ҳамоно аз гӯш, чашм ва қалб ва дар мавриди ҳар яке аз онҳо суол карда мешавад". 

Комментарии (0)Просмотров (4490)


Зарегистрированный
Анонимно