Создать сайт
Понравился? Нажмите -
@ADVMAKER@

Абӯҳанифа ва мактаби раъй.

16.12.2011

Абӯҳанифа ва мактаби раъй

Бархе аз муҳаддисон ва фақеҳони муосири Абӯҳанифа (р) ва баъд аз он нуктагирӣ намудаанд, ки ӯ раъй ва қиёсро бар ҳадис муқаддам мегузорад ва ҳатто дар пайи ин нуктагирӣ мактаби фиқҳии ӯро "мактаби раъй" хонда, дар муқобили он "мактаби ҳадис"-ро зикр намудаанд. Ин гурӯҳ ақидаи худро ба он тарҷеҳ медиҳанд, ки Абӯҳанифа мисли дигар имомон дар пайи гирдоварии аҳодис тавофи шаҳру деҳаҳо накардааст. Аз ин рӯ иттилооти ӯ маҳдуд ба теъдоде аз аҳодис буда, дар куллияи аҳодис ба таври комил ишроф надоштааст.

 

Агар ба жарфои ин нуктагириҳо назар намоем, маълум мешавад, ки ин ҳама беасос буда, аз рӯйи таассуб ва огоҳӣ надоштан аз ҳақиқати ҳоли ӯ маншаъ гирифтааст. Зеро дар ради ин суханҳо худи Абӯҳанифа гуфтааст: "Ба Худо қасам, ҳар кӣ бигӯяд, ки мо қиёсро бар насс (Қуръону ҳадис) муқаддам доштаем, дурӯғе гуфтааст". Дар дигар ҷо мегӯяд: "Нахуст ба китоби Худо амал мекунам, сипас ба суннати паёмбари акрам (с), пас аз он ба назариёти саҳоба, ки дар он иттифоқ бошад. Аммо агар дар масъалае ихтилоф дошта бошанд, дар сурате, ки байни ду ҳукм иллате ёфт шавад, бо истифода аз қиёс ҳукмеро бар дигаре тарҷеҳ медиҳем, то маъно рӯшан гардад. Аммо чун кор ба тобеин расад, мо низ мисли онҳо иҷтиҳод менамоем".

 

Донишмандони мунсифи замон ва баъд аз ӯ дар иттилои комил доштани ӯ аз аҳодиси набавӣ суханҳо гуфтаанд.

Комментарии (0)Просмотров (5113)


Зарегистрированный
Анонимно