Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

САБАБИ НУКТАГИРӢ АЗ АБӮҲАНИФА ЧӢ БУД?

16.12.2011

САБАБИ НУКТАГИРӢ АЗ АБӮҲАНИФА ЧӢ БУД?

Имрӯз дар ҷаҳон 60%-и мусулмонон пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ намуда, дар бархе аз кишварҳои исломӣ қонун ва аҳкоми хонаводагӣ дар пояи ин мазҳаб амалӣ мегардад. Асосгузори ин мазҳаб Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад, ки ҳамасрон ва донишмандони баъдӣ дониш ва истеъдоди баланди истинбот, парҳезгорӣ ва саховатмандии ӯро сутудаанд ва хидматҳои ӯро дар ҷодаи фиқҳ эътироф намудаанд.

 

Аммо дар тӯли таърих аз даврони зиндагии ӯ то ба имрӯз аз ҷониби бархе мардум нуктагириҳое дар бораи ин шахсияти бузург ба назар мерасад. Ба вижа дар ҷодаи забондонӣ, яъне грамматикаи арабӣ ва фарогирии аҳодиси набавӣ аз Абӯҳанифа нуктагирӣ намудаанд. Чунонки, Ибни Халликон ривоятеро меорад, ки Имоми Аъзам дар иборае ба ҷойи ҳолати насб ҳолати ҷарро истифода бурдааст ва инро далели тақсири Абӯҳанифа дар илми забон шуморидааст. Вале ҳақиқат он аст, ки ин далел баёнгари тақсири Абӯҳанифа дар забондонӣ нест. Зеро донишмандони илми наҳв истеъмоли исмҳои шашгонаро дар ҳама ҳолоти эъробӣ дар баъзе лаҳҷаҳои арабӣ баён намудаанд, ки мардуми Кӯфа низ инро ба таври густурда истифода мебаранд.

Инчунин дар ради ин нуктагирӣ ривоят шудааст, ки Абӯҳанифа (р) аз як оят ё ҳадис чандин масъаларо истинбот менамуд, ки ин пеш аз ҳама аз иттилооти пурраи ӯ аз қонуну қоида ва мафҳуму вожаҳои арабӣ дарак медиҳад.

Комментарии (0)Просмотров (678)


Зарегистрированный
Анонимно