Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@

ЧАНД НАСИҲАТ АЗ ИМОМИ АЪЗАМ (Р)

16.12.2011

ЧАНД НАСИҲАТ АЗ ИМОМИ АЪЗАМ (Р)

1, Бар он чӣ, ки Худованд аз молу дунё ва мақому мартаба ба ту иноят кардааст, қаноат кун.

2, Он чӣ дар даст дорӣ ботадбир сарф кун, то мӯҳтоҷи мардум нашавӣ.

3, Қадри худатро дар чашми дигарон беарзиш макун.

4. Аз дахолат кардан ба корҳои пучу бемаънӣ худдорӣ намо.

5. Дар корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кӯшиш кун, ки ҳалол бихӯрӣ.

 

МО БА ИМОМИ АЪЗАМ ИФТИХОР МЕКУНЕМ

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: «Агар илм дар Сурайё мебуд, ҳароина фарзандони Форс ба он мерасиданд: Ин ҳадис башорате буд аз Расули Акрам (с) дар бораи ба дунё омадани фарзандони барӯманди форсу тоҷик, амсоли Имоми Аъзам (р), Имом Ғазолӣ, Имом Бухорӣ, Шайх Абуллайси Самарқандӣ, Имом Мотуридӣ, Табарӣ, Ибни Сино ва даҳҳо ҳазор муфассиру уламои мӯътабар, ки дини ислом аз онҳо зебу фар ёфт.

Зимни таҷлили ҳабдаҳумин солгарди истиқлолияти кишварамон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намуд. Президенти кишвар хидматҳои ин муҷтаҳиди бузургро хотиррасон карда, аз ҷумла чунин гуфт: Мо ифтихори хоса дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам мебошад». Нӯъмон ибни Собит соли 80 ҳиҷрии (699 мелодӣ) таваллуд шудааст дар Кӯфаи Ироқ таваллуд шудаст.

Маънои Абӯҳанифа «падари гурӯҳи мусулмонони ба дини Ҳақ пойдору устувор мебошад». Бобои Имоми Аъзам (р) аз тоҷикони Кобул буда, ба Кӯфа ҳиҷрат кардаанд. Падари ишон тоҷир (дӯкондор) буд.Абӯҳанифа ҳанӯз дар хурдсолӣ Қуръонро ҳифз кард. Дар (6-солагиаш падараш ӯро ҳамроҳи худ ба зиёрати хонаи Каъба бурд. Зимни ин сафари муборак Имоми Аъзам бо яке аз саҳобагони Паёмбар (с) Абдуллоҳ ибни Ҳодис вохӯрд. Имоми Аъзам аз саҳобагони Расули Худо (с) чаҳор нафарро дидааст, ки машҳуртарини онҳо ходими Расулуллоҳ (р) Анас ибни Молик (р) мебошанд.

Имом Абӯҳанифа дар 22 –солагиаш шогиди яке аз уламои машҳури ҳамон давр – Ҳаммод ибни Сулаймон Алашъорӣ гардид. Ӯ дар ҳалқаи ин олими варзида 18 сол илм омӯхт.

Мегӯянд, вақте Имом Абӯҳанифа дар хонааш менишаст, ҳеҷ гоҳ пояшро ҷониби хонаи устодаш дароз намекард. Ҳамеша дар ҳаққи устод ва хонаводаи ӯ дуои хайр менамуд.

Баъди вафоти Ҳаммод ибни Сулаймон шогирдони ӯ якдилона Абӯҳанифаро устоди худ интихоб намуданд. Дар китоби «Алҷавоҳир»-ул мудия» омадааст, ки Асад ибнал Фурат гуфтааст: «Шогирдони Абуҳанифа, ки гуфтаҳояшро менавистанд 40 нафар буданд. Ба даҳ нафар машҳуртарини онҳо Абу Юсуфи Қозӣ, Зуфар, Довуд ат Той, Асад ибни Амри Балхӣ , Юсуф ибни Холид ас Самтӣ, Яҳё ибни Закариё, Шайх Аҳмад аз Маннӣ Ал Хоразмӣ, Абдуллоҳ ибни Муборак, Ҳасан ибни Зиёд ва Абдулкарими Ҷурҷонӣ дохил мешаванд. Абуюсуф чунин нақл мекунанд:

-Ман назди Абӯҳанифа илми ҳадия меомӯхтам, вале пул надоштам. Бо маслиҳати падарам чанд муддат аз таҳсил монда, барои пеш бурдани рӯзғор кӯшиш кардам. Боре Имом Абӯҳанифа маро дида пурсид: «Чӣ туро аз омадан ба назди мо боздошт?» Ман гуфтам «Касби маош (Ташвиши зиндагӣ)». Имом ҳамёне иборат аз 100 дирҳамро ба ман дода гуфт: «Ин пулро сарфи зиндагӣ намо. Вақте пулат тамом шуд ба ман – хабар деҳ. Лекин дарсгириро тарк накун! Баъди чанд муддат боз ба ман 100 дирҳам бидод. Ҳар дафъа вақте ки пулам тамом мешуд, ӯ 100 дирҳам медод. Гӯё касе хабар мерасонда бошад, ки пулҳои ман тамом шудаанд. Ин амали ӯ то ба даст овардани илми зарурӣ идома ёфт.

Худо Абӯҳанифаро биёмурзад!»

Мазҳабе, ки Имом Абӯҳанифа дар Кӯфа таъсис дод, тавассути Ироқ, Эрон, Афғонистон ба Осиёи Марказӣ, Ҳиндустону Покистони имрӯза, Туркия ва Мисру Андалусия (Испанияи мусулмонӣ) паҳн шуд. Имрӯз пайравони ин мазҳаб ҳамчунин дар Чин, Сурия, Албания, Босния, Урдун, Лубнон, Русия, Бангладеш ва Япония хеле зиёданд.

Абу Ҳайён Аз Зиёдӣ мегӯяд: «Нақл мекунанд, ки вақте Абӯҳанифа наздик омадани маргашро ҳис кард, саҷдае намуд ва дар ин ҳол ҷон ба ҳақ супурд». Мегӯянд, ки дар ҷанозаи Имоми Аъзам (р) панҷоҳ ҳазор нафар ширкат намуданд.

Рӯҳашон дар садри ҷаннат шод бод,

Қасри дин аз илмашон обод бод! Насиҳат

Комментарии (0)Просмотров (1453)


Зарегистрированный
Анонимно