Создать сайт
Понравился? Нажмите -
@ADVMAKER@
Оё савоби тиловати Қурьон ба майит мерасад?
Добавил: emomalijon 06 марта 2012 23:47

Оё савоби тиловати Қурьон ба майит мерасад?

Ассалому алайкум домуллои ширинсухан.Худо шуморо нигах дорад ва ба душманони шумо инсофу тавхик ото фармояд.Саволи ман ин аст!Савоби тиловати Куръони Шарифро ба гузаштагон хадя ва бахшида мешавад ё на? Баъзе касон мегуянд,ки хадя ва бахшида намешавад.Дуъо кунед Худованд ба мо фарзандони солех насиб гардонад.Худо нигахбонатон!
Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале, савоби тиловати Қуръон ба гузаштагон мерасад. Зеро ҷумҳури олимони ислом бар ҳамин раъй ҳастанд. Далелашон ҳадисе ҳаст, ки Паёмбари Худо мегуяд: «Ҳаргоҳ, ки фарзанди одам бимирад ҳамаи амалҳояш қатъ мегардад, магар се чиз; садақаи ҷория, илме, ки баъд аз худ мегузорад ва аз он нафъ бурда мешавад ва фарзанди солеҳе, ки баъди марг барои вай дуои хайр мекунад». Олимон гуфтаанд, ки модоме дуо баъд аз марг савобаш бар майит бирасад, тиловати Қуръон низ мисли дуо аст ва савобаш бар майит хоҳад расид. Инчунин аз салафи ин уммат ривоят шудааст, ки онҳо барои мурдагон Қуръон тиловат мекарданд ва савобашро бар онҳо мебахшиданд.

 

http://www.turajon.com/lib/savolu_javob/nuridin/akida_1.htm

Просмотры (9766)  Комментарии (0)  Форум (Фатвохои Эшони Нуриддинчон)
Зарегистрированный
Анонимно