Создать сайт
Понравился? Нажмите -
@ADVMAKER@
Эшони Нуриддинҷон қисми суолу ҷавоб Саҳифаи 9
Добавил: emomalijon 07 марта 2012 20:27

Эшони Нуриддинҷон

қисми суолу ҷавоб

Саҳифаи 9

Матни Суоли 20

савол. Домулои азиз. Ое мо метавонем 2 намозро як намоз карда хонем бо чамоат? Чун вакти байни намозхо кутох аст. Ва агар ман кор бароям эхтимоли казо шуданаст. Ман ронандаам мушкилоти мостхо мехезанду ва гайрахо...

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ 

Бародари исломи, бале шумо дар чунин ҳолат метавонед ду намозро ҷамъ намуда хонед, модоме, ки зарурат бошад. Аммо кушиш кунед ин амалро одат накунед. Боз як бори дигар такрор мекунам ин ҷамъи намоз факат дар ҳолати зарурат мебошад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.

 

Матни Суоли 19

Салом бобои эшон, шахсеро, ки шайтон фиреб кунад метавонад  обози накарда намоз бихонад.Ва дар охир дар хаки ман ва волидайнам дуо кунед.

Посух

На бародари исломӣ, он намоз дуруст нест ва агар касдан кунад гунаҳкор мешавад, ҳатто баъзе олимон ҳукм ба куфр кардаанд. Зеро дар ин бора Худованди Карим фармудааст: "Ва агар шумо ҷунуб бошед, пас ғусл намоед"- Сураи “Моида” ояи 6. Дар ин оят шахси ҷунуб (яъне ба ибораи шумо шайтонзада) амр ба ғусл шудааст.

 

 

Матни Суоли 18

Ассалому алайкум бобои Эшон!

Худованд хонадони шуморо аз бадии хасудону душманон дар хифзу амони худ нигах дорад.  Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям ба ин саволи ман чавоб гуед.

Барои пешгирии сехру чоду чи амалро анчом бояд дод.

Каблам сипосгузории хешро баён менамоям.

Посух

Ва алайкумуссалом

 

Бародари азиз Худованд шуморо ҳам нигаҳбон бошад. Паёмбари ислом бар мову шумо барои пешгири аз сеҳру ҷоду чанд дуоҳо ва оятҳоро тавсия фармуда аст. Аз он ҷумла:

 

1. Ҳар субҳу шом ва баъд ҳар намоз хондани сураи “Ихлос”,  “Фалақ” ва сураи “ан-Нос”

 

2. Хондани Ояталкурсӣ баъди ҳар намоз ва пеш аз хоб.

 

3. Ҳар субҳу шом ин доуро бихонад: (Бисмил-лоҳил-лази ло язурру маъа исмиҳи шайун фил арзи ва ло фиссамои ва ҳувассамиъул ъалим) - 3 бор.

 

Хулас хондани Қуръони карим ва ҳамеша забонро ба зикр тар нигаҳ доштан сабаби пешгири аз сеҳру ҷодуст иншоаллоҳ.

 

Матни Суоли 17

Ассалому алайкум варахматуллохи вабаракотуху.

Эшони Нуриддинчон саволхои ман чунин аст .

1. Агар зан 3 маротиба дугоник таввалуд кунад хукми у чист. аз руйи гуфтахои мардум никохи у тамом мешудаст.

2. Катъи рахм чист ва хукми он шахсоне, ки катъи рахм мекунанд чист. Чунки фарзанди маро аз ман мачбуран чудо кардаанд оё ин низ катъи рахм мешавад.

Худованд нигахдоратон бод!!!

 

Посух

Ва алайкумуссалом

 

Бародари исломи ин гуфтаҳо асоси шаръи надоранд. Бил акс зиёд таваллуд кардани зани мусулмон хуб аст. Паёмбари Худо алайҳиссалом дар ҳадисе умматашро ба издивоҷ ба зане, ки қобилияти тавалуди бештар дорад, ташвиқ намуда чунин фармуда аст: (бо занҳои зоё ва маҳбуб издивоҷ намоед. Зеро зиёд будани шумо дар рузи қиёмат байни дигар умматҳо боиси фахри манаст).

 

Аммо роҷеъ ба суоли дувум. Қатъи раҳм  ин буридани пайванди хешовандӣ аст, ки қатъиян аз назари ислом ҳаром аст. Зеро Паёмбари Худо алайҳиссалом мефармояд: (ҳар касе, ки қатъи силаи раҳм кунад дохили ҷаннат нахоҳад шуд).

 

Аммо ҷудо намудани фарзандатон аз шумо ин қатъи раҳм маҳсуб намешавад. Ин масалаи шумо зикр карда тафсилот мехоҳад. Зеро модар фарзанди ба балоғат то (6 сола) нарасидаро ҳақ дорад назди худаш нигаҳ дорад, ба шарте ки шавҳар накарда бошад, аммо баъди 6 солаги падар ҳақ дорад фарзандашро назди худаш нигаҳ дорад.

 

Матни Суоли 16

az shumo khohish doram oidi masalai Бидъад камтар маълумот медодед , ва мехохам фахмам ки ДУОИ ФОТИХА дар хакки гузаштагон кардан аз кай ва аз давраи ки огоз шуд , агар бемалол мешуд номхои китоб ва е дар асоси кадом хадисхои сахех аст мегуфтед, ИНШОАЛЛОХ аз шумо умедвори чавобем .

 

Посух

 

Бидъат  чизест, ки дар ислом дароварда шуд ва асли шаръӣ надорад

Дуо кардан дар ҳаққи гузаштагон бо оёт ва аҳодиси сиҳоҳ собит аст. Аз дар сураи ҳашр ояти  10 Худованд мефармояд:

 

"والذين جاؤوا من بعدهم يقولون ربنا اغفر لنا ولإخواننا الذين سبقونا بالإيمان"

 

Аммо аз аҳодис,  ҳадиси бурайда гуфт: Паёмбар (алайҳиссалом) саҳобагонро таълим медоданд ин дуоро ҳаргоҳ ба зиёрати қабристон раванд хонанд:

 

 السلام عليكم أهل الديار من المؤمنين ولمسلمين وإنا ان شاء الله بكم لاحقون أسأل الله لنا ولكم العافية - رواه  مسلم رقم 2257

 

Аммо хондани Қуръон дар сари қабр дар ҳадиси Лаҷлоҷ ибни Холид омада аст, ки гуфт барои писараш: Ҳаргоҳ вафот кардам, пас лаҳад кун барои ман  пас ҳаргоҳ гузошти маро дар лаҳад пас бигу (бисмиллоҳ ва ало миллати Расулиллоҳ) пас бипош бар ман хокро  пас бихон дар назди сарам аввали сураи Бақара ва охирашро  зеро ман шунидам расули акрам (алайҳиссалом)  мегуфт онро. - رواه الطبراني ورجاله موثقون - مجمع الزوائد م 3 ص 44

Ва ин чунин аз ибни Умар разияллоҳу анҳумо ворид шуда аст бо ривояти Байҳақӣ  جع       الروح لابن القيم    

 

Матни Суоли 15

asalomu alaikum hazrat eshoni nuridinjon ,avval az khudo duo mekunam ki umri daroz bined.man du savoli khudro mefiristam.hamsoyai mo qori quronai shogirdonash kudakon va mardon hast lekin vai kudakonro bo rezin sakht mezanad in korash durust hast e ne/ va suoli digaram man dukhtaru pisar doram cki kor kunam bainashon mehru dusti paido shavad yakdigarro chashmi didan nadorand oyo in aibi padaru modar meboshad iltimos javabashro bigued hudovand barakatsha shumo rasona omin..

 

Посух

 

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

 

Модари азиз зарб  ду намуд мешавад:

 

1) Зарби таъдиб, ки ба руймолча ва чизҳои сабук мезани ва адаб ёд медиҳӣ.

 

2) Зарби таъзиб, ки мавзиъи зарбро маҷруҳ ё сиёҳ мекунад. Ин намуд дар шариат ҷоиз нест, ки кудаконро зарби таъзиб кунӣ.

 

Масалаи бадбинӣ байни фарзандонатонда худи шумо ва шавҳаратон муқассирен. Кушиш кунен худатонро ислоҳ кунед ва фарзандонатонро таълими дини омузед, то ҳаққи падариро аз нигоҳи шариати исломӣ, донанд .

 

Матни Суоли 14

ba honavodai buzurgi Turajon.Dar hona nigoh doshtani sag az nigohi islom durust ast?

 

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Ҷоиз ҳаст ба шарте ки хона еҳтиёҷ ба посбон дошта бошад, ғайр аз ин сурат ҷоиз нест

 

Матни Суоли 13

assalamy alaykym va rahmatyllohi va barakatyh,ystodi aziz man yake az shogirdoni shymo az shahri isfara hastam,ystodi aziz man ryze ba kitob xonai shahriamon,ki ba nomi lohytist doxil shydam va kadom kitobero mejystam,ki nogahon yak marde taxminan 50-55 sola byd doxili kitob xona shyd va dar dastash kitobi zindagonii payomaramon ,ki myallifash haykalist byd, ba yak kitob xonashi zan pyrsid az y ,ki oyo kitobro xonded? shigyna bydaast kitob? ba on mard ,ki battar malymshyd,ki myallim bydaast dar javob shynin gyft,(ha xondam myhammadniz dyxtar boz bydaast,bisiyor zan doshtaast)!!!,va bad on kitobxonashizan ilova namyd va gyft (baroi hamin imryz javonon niz dyxtarboz shyda istodaand)!!!,ystodi aziz man badi hamin gap az kitobxona baromada ma masjid rafta bad az namozi jymma imom xatibi shahramonro az in hodisa boxabar kardam va xohish kardam,ki dar jymma dar bayni mardym difo az payombar kyned ammo afsys,ki haftao oyanda dar mimbar yagon inson az payombar difo nakard az in sabab az shymo xohish menamoyam,ki xydaton ,zero mo digar gayraz shymo digar ahli ilmi hakgyro nameshinosem az minbar javob gardoned ba in sagi lain bain myallimi kofir,az shymo kasam ba xydo xohish menamoyam,ki az mimbar difo namoed,

Посух

Додари азиз дар ин мавзуъ дар ҷумъаҳои гузашта суҳбат шудаги ҳаст. Шумо хаста нашавен аз сухани чунин кофирону мунофиқон зеро ягом зараре дар мақому поки Расули акрам (Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васалам) наметонан расонан.

 

Матни Суоли 12

бо арзи салом ва дуруди бепоён

банда чавоби саволи додаамро гирифтам аммо  ба чуз истифода аз норво будани макадро фахмидам вале чойхои дигарро тавзех надодед иншоаллох ки дар чавоби баъдиям ки мунтазираш хастам фарохтар ба саволам чавоб дихед

саволи навбатии ман.

1 .Оё факат чои истифода хамон замини киштзор хасту халос?

2 . Ман фахмидам ки гунох асту кори шайтон ва холо касе ки гунакор хаст ба ин кор  ,  Барои рафъи (чуброн) ин гунох ва пок сохтани худ чи кор кунад

Бисьёр сипосгузорам аз касоне ки ин сайти исломиро пешниход кардан чунки фикр мекунам хеле аз бародарон хастанд мехоханд ба саволхои худ чавоб ёбанд чун баъзе аз саволхо хаастан ки ба хотири хичолат шахс наметавонад ч дар чои чомеа ё  вучуди рафики сеюм гуяд монанди Салмон бародар ки аввалинбор ин суолро аз ман карда буд вале далоили конеъкунда надоштам

Худо хофизи шумо то чавоби баъди

Посуx

 

Бародари азиз истифода кардан дар ин ҷо ба маънои ҷимоъ кардан аст, ки ҷавобашро гирифтед. Аммо истифода кардан ба маънои буса кардан ва бози кардан пеш аз ҷимоъа(ҳамхобаги)-ро дар назар дошта бошед, бале метавонед аз ҳамдигар чи хеле ки хоҳед лаззат баред ва агар дар назар дошта бошед бусидани шармгоҳро бале метонед, бусса кунед фақат бусса, ба шарте ки олат олуда ба наҷосат набошад, аммо олуда ба наҷосат бошад шармгоҳ  ҷоиз нест .

Касе ки чунин амали зишта анҷом дода бошад, барои ҷубронаш тавба лозим аст тавбаи насуҳо - тавбаи содиқона, ки дигар ин амали зиштро анҷом намедиҳад.

 

Матни Суоли 11

Салом бобои Эшон, Шахсе,ки намоз мехонад ва аз дини Ислом бохабараст ва медонад,ки зино кардан гунох аст, вале зино мекунад. Хукми ин шахс аз нигохи ислом чист? Бо ехтиром мухлиси шумо,

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Чунин шахс фосиқ ва муртакиби гуноҳи бузург аст, агар ҳалол нашуморад, аммо ҳалол шуморад кофир ва занаш талоқ аст.

Матни Суоли 10

Асалому алайкум бобои Эшон илтимос ба суоли чавоб гуед .

Дар махалаи мо бисёри занхо дар кади куча бе ягом зарурат менишинанд дар бораи чунин занхо аз нигохи Ислом чавоб гуед.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Аз назари ислом  Шиштани занҳо дар кучаҳо ҷоиз нест. Зеро Расули акрам ( алайҳиссалом ) манъ кардагиан мардҳора аз шиштан  дар роҳҳо. Зан ҳам дар ин манъ дохил аст.

 

Матни Суоли 9

Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатух Бобои Эшончон! Хамду сано он Худоеро ки моро мусулмон офарид ва дуруду рахмати у ба рухи поки Паёмбарамон ва ба пайравони у то рузи киёмат бод. Худовад аз шумо рози бошад.

1) Бобои Эшончон дар Россия дар банк пул монда ва рибояшро гирифтан, мумкин хаст ?

2) Ва агар то имруз буд дар банк , рибояшро дар кучо сарф кардан чоиз хаст?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Бародари азиз мондани пул дар  бонкҳои русия ҷоиз аст ба шарте ки аз сокинони онҷо боши ва ғар аз ин бонк дигар бонк набошад, монанди бонкҳои исломи. Аммо гирифтани прасент аз ин бонкҳо ҷоиз аст аммо барои худ сарф накун ба камбағалову муҳтоҷо бидеҳ. Нагузор фойда барои банкҳо шавад. Худованд ҳамаи шумора дар паноҳи худ нигаҳбон шавад.

Омин

 

Матни Суоли 8

Ассалому алайкум эшони Нуридинчон

аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям ба ин саволи ман чавоб гуед.

Оилаи ман худашро сухт ва баъдаз 4 руз ин дунёро падруд гуфт вале ахли байти вай мурдаро аз беморхона ба хонаи худ бурданд ва оилаи моро ба хонашон рох надоданд.

Хатто маро ба чанозааш рафтан намонданд аз Шумо пурсидани хастам ки бе розигии шавхар чаноза кардан мум кин аст ва хукми он чунон аст ба ман баён намоед. боки дар панохи Худованд нигахдоратон бод

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Бародари азиз , дар ҷанозаи зан розигии шавҳари у аз назари ислом  шарт нест .  Аммо барои он ки соҳибони майит шумо ва наздикони шуморо дар ҷаноза роҳ надоданд аз назари шаръ нодуруст ва хато аст ва дар назди Парвардигор ҷавобгу ҳастанд.

Матни Суоли 7

бо арзи салом ва дуруди бепоён

суоли ман дар бораи равобит байни зану шавхар хаст

андозаи истифода (лаззат бурдан аз хама чо)  байни зану шавхар аз нигохи ислом дар чи сатх аст?

яъне  чахорчубаи истифода аз хамдигар

лутфан чавоб бо далоил

Посух

Бародари азиз! Зану шавҳар аз якдигар ба ҳар тарз ва шакле, ки бихоҳанд метавонанд таматтуъ бибаранд. Далели ин гуфта сухани Худованд аст, ки дар Куръон фармудааст: "Занони шумо монанди замини кишти шумо аст. Пас ҳар тавре, ки мехоҳед ба киштзоратон (яъне мурод аз киштзор раҳми зан аст, ки фарзанд аз онҷо ба дунё меояд) бирасед"- Сураи «Бақара» ояи 223.

Аз ин ояи муборака мушаххас мегардад, ки шариат дар як чи ҳадду андоза гузоштааст, ки он истифода аз мақъади зан аст, ки шадидан ҳаром ва норавост. Дар ин замина ҳадисе аз Паёмбари Худо (алайҳиссалом) аст, ки рушанкунандаи ин оят аст, ки чунин омадааст: «Малъун аст он кассе, ки ҳамсари худро аз дубураш (яъне мақъадаш) мерасад». 

 

Матни Суоли 6

Assalomu alekum ustod! hamkori man millatash rus gairi islom korhoi manro oson mekunad man metavonam bad az namoz dar hakki vai duo hair kunam az kabili .baraka yobad hudo rahmatat kunad?

Посух 

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Бародари азиз аз ҳама беҳтар ин, ки шумо дар ҳаққи у аз Худованд хоқед, ки уро ба ислом мушарраф гардонад. Ин беқтар аст. Аммо худи шумо кушиш кунед, ки то он қамкоратонро ба ислом ташвиқ кунед. Зеро Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар у) фармудааст: "Агар Худованд ба дасти ту як нафарро ба ислом ҳидоят кунад бехтар аст барои ту аз (садҳо) шутурони сурхму (ки дар он замон аз беҳтарин ва гаронтарин молу сарват ба ҳисоб мерафт)". Худованд шуморо нигаҳбон бошад.

 

Матни Суоли 5

Salomu alaykum eshoni Nuriddin. Man yak suole doshtam. Man az davlatam berun zindagi basar mebaram va niyat kardam ki pisari kaloniamro qori quron kunam shavharam xudo barakatash dihad dar digarjo kor mekunad dar yak hafta yak bor farzandonashro mebinad az shumo nasit mexoham chixel farzandamro qorii quron kunam bo chi uro ba shavqmand kunam ki chashmash ba quron chaspad. pisaram 6 sola ast duoyash kuned. Iltimos savolamro dar hamin sait javob gued. tashakuri zied.

Посух

Модари исломӣ! Худованд шуморо ба он нияту ҳадафе, ки доред муваффақ гардонад. Фарзанди шуморо низ Худованди бузург, тани солиму умри дароз ва хизматгори ислом гардонад. Модари азиз, шумо фарзандатонро бештар ба шунидани наворҳои исломӣ аз қориҳои машҳури дунё амсоли Миншовӣ, Абдулбосит, Гомидӣ ва дигарон шавқманд кунед. Барои қории Қуръон шуданаш беҳтар ин аст, ки уро ба назди ягон қории хубу мухлис фиристед. Воқеъан модари азиз, шумо дар назди худ ҳадафи хубе гузоштед. Худованд шуморо ба ин ормонатон бирасонад. Зеро Паёмбари бузургвор дар ҳидисхои худ фазилати волидайнеро, ки фарзанди худро ҳофизи Куръон мекунад зикр намудааст. Аз он ҷумла дар ҳадисҳо омадааст, ки кассе фарзанди худро ҳофизи Қуръону амалкунандаи ба он мекунад Худованд  чунин падару модарро дар рузи қиёмат тоҷе аз нур бар сарашон мегузорад. Худованд шуморо аз ҷумлаи онҳо карор диҳад.

Матни Суоли 4 

assalamy alekym ustodi aziz man yake az myxlison va myhibboni shymo ,ystodi aziz man mexoham talimi ylymi hadis namoyam yane mexoham dar sohai hadis mytaxassis bishavam ammo baze az barodaron izhori nigaroni az on kardaand,ki in soha sohai salafihost,man shikor kynam ystodi aziz hayronam?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

На бародари азиз! Он шахсе, ки ба шумо инро гуфтааст хато кардааст. Зеро шариати мо ду масдари асосӣ дорад, ки Куръону Ҳадис аст. Шумо метавонед ба ҳамон кассе, ки шуморо чунин гуфтааст, бигуед, ки чаро худи моро аҳли суннат мегуянд? Аҳли суннат ин ба ибораи дигар худ пайрави ҳадис аст. Бузургони мазҳаби мо аксаран муҳаддис буданд. Мисли Мавлоно Абдулҳай ва Мулло Али Қорӣ ва дигарон. Бародари азиз насиҳати ман ба шумо ин, ки шумо дар соҳаи ҳадис таълим гиред. Аммо кушиш намоед, ки ҳеч гох ба масоили фаръие, ки ихтилофбарангез аст даст назанед. Худованд шуморо муваффақ гардонад.

 

Матни Суоли 3

Ман аз шумо хохиш дорам,ки дар боби <намз ва рамазон ва сатр> мавзуи Эшонро мепартофтед

Посух 

Аз идора: бародари исломӣ шумо ба қисми савтиёти сомона ба руи навиштаҷоти «Эшони Нуриддин» муроҷиа кунед. Иншоалло дар онҷо ин мавзуъҳои дархосткардаатонро пайдо хоҳед кард.

 

Матни Суоли 2

Ассаламу алайкум варахматуллох Эшони Нуриддинчон устоди азиз мо чавонони нохияи Мастчох бисёр Шуморо мухлиси мекунем ва аз Шумо пайрави намуда шуморо дуст медорем. Эшончон мо як суол дорем оиди музика имрузхо музика ба дарачаи авло расидааст ва мо худ якин медонем ки у чизи нопок аст оё барои чавони мусалмон музика халол аст?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Мусиқие, ки имрузҳо аз родиёву телевизион пахш мешавад ва ҷавононро ба воситаи он ба фаҳшу фуҷур мекашонад ба иттифоқи назари олимон ҳаром аст. Воқеъан мусиқиҳои имруза бештар аз 99% ба ин шакланд.

Дар  Куръони карим омадааст, ки : «Баъзе аз мардумон касонеанд, ки сухани лағвро мехаранд, то мардумро аз роҳи Худо дур кунанд». Ибни Масъуд (Худованд аз у рози бод) дар тафсири ин оят гуфтааст, ки мақсад аз «лаҳвал-ҳадис» дар ин оят мусиқӣ аст.

Аммо баъзе аз олимони муосир мусиқие, ки дар он панду насиҳат ва моилкунандаи ба тақво ва парҳезгориро истисно намудаанд. Мисли фақеҳи муосир устод Қарзовӣ.

 

Матни Суоли 1

Az Shoomo hohish doram ba in savol javob dihed !

Az rui shariat shart Ravost ? Baini 2 - dasta shart kardaand va footbol bozi kardaand, dastai boi doda tashkili kunad !

Посух

На, бародари азиз! Ин шарт дар шариат ҳаром аст. Зеро ҳамчун қимор ба ҳисоб меравад. Аммо агар тарафи саввум ин ҷоизаро монад, хоҳ пул бошад ва ё хоҳ ташкили  чуноне, ки худи шумо гуфтед, барои барандаи мусобиқа он ҷоиза ҳалол аст. Яъне ба ибораи дигар барои бозии ду даста як нафар ё як муассиса ҷоиза гузорад. Зеро дар ин ҳолат қимор вуҷуд надорад.

 

 

 

Просмотры (22944)  Комментарии (0)  Форум (Фатвохои Эшони Нуриддинчон)
alik 24.12.2012 в 18:03

Савол як бародар касам хурдай ки агар хонама нафурущум занум талок зануш талок меша ? ва агар фуруша  бади чан мох абратна хара меша илтимос чавоб гуен зарураст !!!

Зарегистрированный
Анонимно