Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
Достони қошуқ…
Добавил: emomalijon 06 марта 2012 23:32

Достони қошуқ…

 

 

Марди рӯҳоние рӯзе даст ба дуо бардошта гуфт: "Худовандо, дӯст медорам, то бидонам биҳишту дузах чи гунаанд?

Ба он мард хоб ғалаба карду, руъёе дид, ки дар он  Худованд ӯро ба сӯйи ду дар роҳнамоӣ кард ва яке аз онҳоро боз кард. Мард нигоҳе ба дохил кард. Дар байни утоқ мизи гирди калоне вуҷуд дошт, ки дар рӯйи он як зарфи хӯроке буд ва он қадар бӯйи хуше дошт, ки аз даҳонаш об рафт!

Афроде, ки дар гирди миз нишаста буданд бисёр лоғару мурданӣ ва беморнамо ва ба назар қаҳтизада менамуданд. Онҳо дар даст қошуқҳое бо дастаи бисёр дароз доштанд, ки ин дастаҳои қошуқ ба дасту оринҷи онон васл шуда буд ва ҳар кадоми онҳо метавонист, ки ба осонӣ қошуқашро дохили зарфи хӯрок дароз карда, онро пур кунад. Аммо қошуқҳо, ки ба дасти онҳо то болои оринҷ пайванд  бастагӣ буд, наметавонистанд  дастҳояшонро баргардонда, қошуқро дар даҳони худ гузоранд.

Марди рӯҳонӣ бо дидани ин саҳнаи бадбахтӣ ва азоби онҳо ғамгин шуд. Нидои ҳотифе омад: "ту ҷаҳаннамро дидӣ"!

Сипас Худованд барои он марди рӯҳонӣ дари дигареро боз кард. Онҷо ҳам дақиқан мисли утоқи пештар буда, мизи гирде бо як зарфи хӯрок, ки аз дидани он мисли гузашта аз даҳони мард об рафт.

Афроде дар гирди миз, мисли ҷойи қаблӣ ҳамон қошуқҳои дастадарозро доштанд, ки ба мисли гурӯҳи пешин қошуқҳо дар дасту оринҷи онҳо баста буд, вале ба андозаи кофӣ қавӣ ва сер буда, мегуфтанду механдиданд. Марди рӯҳонӣ гуфт: "чизеро аз ин нафаҳмидам"!

Нидое омад: "фаҳми ин душвор нест, танҳо ниёз ба маҳорате дорад! Чи гунае мебинӣ, мардуми ин утоқ ёд гирифтаанд, ки ба ҳамдигар ғизо бидиҳанд, дар ҳоле ки одамҳои тамаъкору тамаъҷӯи он утоқ танҳо фикри худро мекунанд"!

Пас биёед қошуқи ғизои хешро тавонем, ки бо як дигар тақсим намоем...

 

Просмотры (570)  Комментарии (0)  Форум (Киссахои Исломи)
Зарегистрированный
Анонимно