Создать сайт
Понравился? Нажмите -
@ADVMAKER@
Достони Қобилу Ҳобил
Добавил: emomalijon 07 марта 2012 00:37

Достони Қобилу Ҳобил

Низоми зиндагии Одаму  Ҳаво  бар рӯйи замин замоне, ки  Ҳаво худро барои истиқбол аз навзодаш омода менамуд, комилтар шуд. Ин навзодон аввалин гулҳои боғи инсонӣ буданд, ки мешукуфтанд ва аввалин бӯйҳои атрогини башариятро ба атроф мепароканданд. Одаму Ҳаво бо онон ҳамдам мешуданду эҳсоси хушбахтӣ менамуданд. Онҳо  бо дидани ҷигаргӯшаҳояшон дар рӯйи замин оғушта аз ишқу шодии бисьёр мешуданд.

 

Ҳаво ду бор ду фарзандӣ (дугона) ба дунё овард: як бор  Қобил ва хоҳарашро ва бори дигар  Ҳобил ва хоҳарашро. Фарзандон таҳти риояти падару модар бузург шуданд. Духтарон ба корҳои марбут ба занон гароиш пайдо карданд ва писарон барои касби рӯзӣ ва талаби хайр:Қобил  ба зироат машғул шуд. Ҳобил бошад ба чӯпонии гӯсфандон рӯй овард. Бо гузашти замон, ғаризаи мардонагӣ дар ду ҷавон қавӣ шуд ва ҳар кадом аз онҳо ба доштани ҳамсаре барои худ тамоюл нишон доданд, то дар канораш ором ёбанд ва ба мусоҳабаташ биёсоянд. Ин орзуи гуворо ва ширин зеҳни  ин ду ҷавонро ба худ машғул карда буд ва ҳар кадом дар ҷустуҷӯйи завҷи худ буд ва ҳар роҳеро барои расидан ба он дунбол менамуд. Иродаи  Худованди ҳаким аз рузӣ азал чунин иқтизо намуда буд, ки фарзандони Одам бар паҳнои замин мавриди имтиҳон қарор гиранд, то молу фарзандон афзуда шаванд ва замин зебо ва пурзинату шодиовар шавад. Аз ин рӯ  Худованд ба Одам (Абулбашар) ваҳй намуд, ки барои ҳар як аз писаронаш духтареро, ки бо бародари дигараш ба дунё омадааст, ба унвони ҳамсар интихоб кунад. Одам бо ин ваҳйи илоҳи худро ба фарзандонаш расонид, ба ин умед, ки сухани ӯ қотеъ ва тамомкунанда бошад. Агар саркашии ҳавои нафси инсонӣ ва гароиши он ба ҳалокат ва зиёнкорӣ намебуд, падар ба орзуи худ мерасид. Баъд аз ин, ки Одам он чизеро, ки дар синааш пинҳон буд барои писаронаш боз гуфт, Қобил барошуфт ва таслими иродаи падар нашуд, зеро духтаре, ки саҳми ӯ шуда буд аз духтаре, ки саҳми бародараш гашта буд аз зебоии камтаре бархӯрдор буд. Аз ин рӯ бар бародараш ҳасад варзид ва ба ин қисмат розӣ нашуд, балки дӯст медошт, ки хоҳаре, ки бо худаш ба дунё омадааст, насиби ӯ шавад. Одам аз ин ошуфта гардид ва ҳайрон монд. Саранҷом  Худованд ӯро ба роҳи чорае, ки дар муқобили тӯфони дарунаш чун садде бошад , роҳнамоӣ намуд. ӯ ҳар ду писарашро фаро хонд ва аз онҳо хост, ки  барои Худованд қурбонӣ намоянд ва қурбонии ҳар касе, ки пазируфта шавад, метавонад ончиро,ки хоҳиш дорад соҳиб шавад. Ҳобил шутуреро ва Қобил миқдоре гандумро барои қурбонӣ пешкаш карданд. Дар дили  ҳар ду бародар умед ба пирӯзи дар мусобиқа  мавҷ мезад. Дар ин мусобиқа Ҳобил бисёр хушбахт буд ва гомҳои муваффақиятомезе бардошта буд, ки дар натиҷа баранда шуд ва қурбониаш мавриди қабули Худованд қарор гирифт. Аммо қурбонии бародараш Қобил пазируфта нашуд, зеро ӯ ба ҳукми падар тан дарнадода буд ва дар тақдими қурбонӣ нияти холисона надошт. Пас аз ин моҷаро Қобил дилшикаста гашт, зеро чароғи орзуяш ба хомӯшӣ гароида буд ва ӯ қурбони худхоҳӣ ва кинатузӣ шуд. Тӯфони ҳасад дар дили ӯ ҷӯш зад, тундӣ ва хушунаташ шиддат ёфту бародарашро таҳдид ба куштан намуда, ба ӯ гуфт: Туро бешак хоҳам кушт, то мани бадбахт дигар бо хушбахте чун ту ҳамроҳ набошам ва бародаре чун ту  надошта бошам, ки ба орзуяш расида ва комёб бошад. Дар ҳоле ки ман авотифам маҷрӯҳ гаштаву дар олам  ғамзадаву ноком мондаам. Ҳобил дар ҳоле ки барои бародараш бисьёр афсӯс мехӯрд,  гуфт: Бародарҷон!-барои ту беҳтар ва сазовортар он аст, ки дардро бишносӣ ва  дар садади решакании он бошӣ. Роҳи ҳақиқатро ҷӯё бош, зеро  Худованд қурбониро танҳо аз парҳезгорон мепазирад. Аз он пас ҳаргоҳе Ҳобил  ба насиҳати бародараш мепардохт, то суханонаш  бемории кинаро аз қалби бародараш бизудояд. Ба ӯ мегуфт: Бародарҷон!-ту ситамкор шуда, аз роҳи рост берун гаштаӣ, тасмими гирифтаат гуноҳи бузурге ва раъят дур аз ҷодаи ҳақиқат аст. Беҳтар онаст аст, ки аз  Худованд талаби омӯрзиш намоӣ ва аз гумроҳии худ бозгардӣ. Аммо агар дар тасмими худ устуворӣ ва ончиро, ки қасд кардаӣ ҳатман анҷом медихӣ,  аз тарси ин ки мабодо ба гуноҳ дучор шавам, ин мавзӯъро ба Худованд вогузор мекунам. Он гоҳ ту ба танҳоӣ бори ин гуноҳро ба дӯш хоҳӣ бардошт...

 

… Пайванди бародарӣ, ангезаҳои меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ натавонистанд монеа дар муқобили он касе шаванд, ки аввалин ҷиноятро дар миёни мардум бар рӯйи густураи ин кураи хокӣ анҷом дод.

 

Дар соате аз сооти шабонарӯз ва ба сабаби ҷӯшиши ҳаваси пасти нафси одамӣ ,он чи ки намебоист, иттифоқ афтод. Ҳобил ба дасти бародараш- Қобил, кушта шуда, қурбони ҳамоқат, нодонӣ ва ишқ шуд. Одам ин ғайбатро эҳсос кард ва ваҳшатзада шуда, ба ҷустуҷӯи фарзандаш Ҳобил пардохт, то шояд асаре аз ӯ биёбад ва бо хабаре аз ӯ ташнагии шавқу ишқашро фурӯ нишонад.  Аз Қобил аҳволи бародарашро ҷӯё шуд. Қобил бо садои хиҷолатомез ҷавоб дод: «намедонам ман ку вакил ва муҳофизи ӯ набудам». Одам дарёфт, ки фарзандаш кушта шуда аст, парешон ва ғамзада сукут ихтиёр кард ва шуълаҳои дарунашро, ки аз андӯҳи фарзанди аз дастрафта дошт фурӯ нишонд. Ҳобил аввалин инсоне, буд ки бар рӯйи ин кураи замин кушта шуд. Қобил намедонист, ки чи гуна ҷасади бародарашро пинҳон намояд, нигарон ва саргардону дилошуфта буд. Дар ҳоле ки даруни ӯ ба монанди майдони низое шуда буд, байни кина ва отифа ва ӯ азоб мекашид. Бӯйи ҷасади Ҳобил баланд шуд ва Қобил намедонист роҳи чора чист. Дар ин ҳангом ба сабаби вуҷуди он ҷасади пок ва гиромидошти Одам ва фарзандонаш ва низ барои поягузории як суннат барои офаридагон , аз поин омадани раҳмати илоҳӣ гузире набуд  ва низ лозим буд, ки дарси сахт ва сангин ба он мағрури нодон ҳам дода шавад. ӯ шоистагии ваҳй ва ё илҳоми илоҳиро надошт , балки мебоист шогирди як уқоб шавад, то фаҳму идрокаш дар муқобили таҷрибаи он мавҷуди сиёҳу заиф таҳқир шавад. Худованд ду уқобро фиристод ва (дар муқобили дидагони Қобил) бо ҳам ҷангиданд, яке аз он ду дигареро кушт  ва сипас бо минқораш заминро кофт ва лошаи уқоби  кушташударо дар зери хок пинҳон кард. Дар ин ҳангом Қобил афсӯс хурд ва эҳсоси пушаймонӣ карду гуфт: «Вой бар ман, оё ман наметавонам монанди ин уқоб бошам ва ҷасади бародарамро дафн намоям»…

 

Просмотры (3798)  Комментарии (0)  Форум (Киссахои Исломи)
Зарегистрированный
Анонимно