Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
Киссаи Хазрати ЛУТ (а)
Добавил: emomalijon 07 марта 2012 00:00

Киссаи Хазрати ЛУТ (а)

 

ҶИНСИЯТИ МУСАЛМОН АҚИДААШ АСТ

Ҳозир агар шуморо бипурсам эй дӯстони паҳлавонам: Кист аҳлу оила ва хешу ақрабои шумо? Шуморо лозим аст, ки бидонед аҳлу ақрабои шумо танҳо мӯъминон ҳастанд, аммо кофирон аҳлу ақрабои мо нестанд. Онҳо душманони мо ҳастанд, магар вақто, ки имон биёваранд ва мисли мо ба Худои ягона бовар кунанд. Бо онҳо мо кина намегирем ва бадӣ намекунем, балки меҳрубонӣ ва шафқат мекунем ва онҳоро ба сӯи дини Худо бо илму ҳикмат ва сабр даъват менамоем.

Мӯъминҳо ҳар куҷо, ки бошанд, ҳарчанд сарзаминҳо ва маконҳояшон дур бошад, онҳоро ақидаи ягона доштан ва бародар будан бо ҳам мепайванданд, зеро ҳама дар дини ҳақ ва дурусти Илоҳӣ ҳастанд.

 

ПЕШВОЯМОН ЛУТ (а) АХЛОҚИ ФОСИД

Ахлоқи фосид ва вайрон дар шаҳри Самуд, ки як аз шаҳрҳои қадима аст, зиёд шуд. Ҳар гоҳ кору рафтори бадро аз якдигар медиданд манъ ва насиҳат намекарданд. Молҳои якдигарро ғорат мекарданд. Мардум дар нодонӣ ва гумроҳию зарар фурӯ рафта буданд. Ҳарчанд, ки носиҳон ва воъизон насиҳат мекарданд онҳо гӯш намедоданд ва итоат намекарданд.

Онҳо бадтарин, хабистарин ва қабеҳтарин мардум буданд. Зиндагии онҳо иборат буд аз: хиёнаткорӣ, рабудани молҳои мардум ва беобрӯгӣ. Ҳамаашон ниятҳои бад ва ахлоқҳои разилаи паст доштанд. Оё онҳо аз бадӣ боз истоданд ё гумроҳи ва бадкирдориашон зиёд шуд?

 

ПАҲНШАВИИ КОРҲОИ ҲАРОМ

Нафси онҳо хиёнату дуруғгӯи ва рабудани молҳо, иктифо накарда ба гуноҳи сахттаре даст заданд, ки касе то онҳо ба чунин ҷиноят ва гуноҳ даст назада буд. Он гуноҳ чист? Алоқа ва иртиботро бо занҳои худ тарк карданд ва фоҳишагӣ ва робита бо мардонро шурӯъ намуданд, ки ин корро Худованд ҳаром гардондааст.

Кошки онҳо кӯшиш ме¬карданд, ки аз ин бало халос шаванд? Баръакс дигаронро ошкор ба ин гуноҳ даъват ме¬карданд, ба дараҷае, ки ин рафтори бад хеле дар байни мардум паҳн шуд. Ахлоқашон ба дараҷае паст шуда буд, ки ба тасаввур кардан рост намегирифт!!!

 

ДАЪВАТИ ЛУТ (а)

Дар асное, ки онҳо ба ин андоза бешараф шуда бу¬данд, Худованд аз онҳо мардеро, ки нишонаҳои хайру салоҳ дар вай дида мешуд ба паёмбарӣ интихоб намуд, то барои тағйир ва ислоҳи қавмаш коре кунад.

Бо ҳамин Лут (а) даъваташро шурӯъ намуд ва ба¬рои қавмаш мегуфт: Эй қавми ман: Пок созед нафсҳои худро аз феъли ҳаром ва зишт, ин фаҳшу бадбахтиро тарк намоед. Худованд меҳрубон аст ва шуморо бе раҳнамоӣ намемонад. Бинобар ҳамин маро ба ҳайси Паёмбар ба сӯи шумо фиристод. Ман наметавонам ин корҳои ҳаромро бубинам ва сукут намоям. Эй мардум! Тавба намоед ва ба сӯи Худо бозгардед нияту қасди худро поку ҳалол гардонед.

 

ТАКАББУРИИ ҚАВМИ ЛУТ (а)

Лекин мардуме, ки ҳаёташон пур аз фоҳишакорию ҳаромхӯрӣ буд ба суханони Лут (а) гӯш намедоданд ва итоат намекарданд. Баръакс калонӣ ва такаббурӣ менамуданд ва Худовандро ибодат намекарданд. Ба ин қаноат накарда маслиҳат ва машварат намуданд, ки Лут (а) ва касоне, ки имон оваранд бадарға намоянд. Зеро Лут (а) ва ҳамроҳонаш мисли онҳо фоҳишакорӣ намекунанд.

Бинобар ҳамин он мардуми тирабахт ва сияҳкор Лут (а) - ро метарсонанд ва аз ӯ талаб намуданд, ки бо ҳамроҳонаш аз шаҳр хориҷ шаванд.

 

ТАРС ВА ОГОҲӢ

Модеме, ки саркашию истибкор ва машварату маслиҳатҳои онҳоро фаҳмид боз забон ба насиҳат кушод ва гуфт: Агар тавба накунед ва ин гуноҳи вазнинро тарк на¬кунед Худованд болои шумо азоби дарднокеро хоҳад овард. Эй қавми ман! Дар ҳақиқат Худованд аз шумо ғофил нест ва шуморо мебинад ва ӯ кофирону вайронкоронро дӯст намедорад, пас шумо тавба намоед ва аз ин фоҳишакорӣ даст кашед.

Эй мардум! Ман аз он метарсам, ки азоби Худованд болои шумо меояд! Бо вуҷуди ин қавмаш ба суханони Паёмбар Лут (а) гӯш надоданд ва ӯро масхара мекарданд ва аз ӯ талаб мекарданд, ки аз шаҳр бо пайравонаш хориҷ шаванд.

 

ДУОИ ЛУТ БАРОИ ҚАВМАШ

Баъди ҳамаи кашмокашиҳо Лут (а) аз Худованд талаб намуд, то ӯро мадад расонад ва кофиронро барои саркашӣ ва бадкориашон азоб диҳад, чунки онҳо имон наоварданд, боз мехоҳанд расули Худоро бадарға намоянд.

Бародарони ҷонам дуои Лут (а) болои қавми бединаш ҳамин буд. Ў ин дуоро дарҳол накард магар баъди ин, ки дид сарсахтӣ ва саркашии зиёди қавмашро баъд аз он, ки рисолату паёми Парвардигорашро барои онҳо расонид, Онҳооро ба сӯи тавба ва бозистодан аз гуноҳ даъват намуд ва дар муќобили зарару истеҳзои онҳо сабру таҳаммул намуд ва онҳоро аз азоби Илоҳӣ бим дод. Дигар баъди ҳамаи ин ягон монеият нест, ки ӯ болои онҳо дуо намояд ва аз Худованд мадад хоҳад.

 

ХУДОВАНД ДУОИ ЛУТ (а) – РО ҚАБУЛ НАМУД

 

Дар ҳақиқат, Худованд Лут (а) ва пайравонашро бема¬дад нагузошт, инчунин кофирони золимро беазоб раҳо накард. Ҳамин кофирон буданд, ки фасодӣ ва бадахлоқиро ошкор карданд, даъвати фиристодаи Худоро қабул накарданд. Билохира Лут (а) ночор дар ҳаққи онҳо дуо намуд ва аз Парвардигори олам мадад хост.

 

Мебинем кофирону золимон натавонистанд Лут (а) ва ҳамроҳонашро бадарға кунанд ё ин, ки азобе, ки болояшон омад дур кунанд. Худованд дуои паёмбар ва расулонашро қабул намуда болои бединон ва бадахлоқон азоби сахтеро овард. Локин он азобу шиканҷа чӣ гуна ба вукӯъ омад?

 

МАЛОИКАҲО ДАР НАЗДИ ИБРОҲИМ (а)

Худованд малоикаҳояшро ба сӯи ҳамин шаҳр фиристод. Фариштагон дар роҳ ба хонаи Иброҳим (а) меҳмон шуданд, онҳо ба сурати одамӣ буданд. Паёмбар Иброҳим (а) мисли одат ба назди онҳо таъом гузошт, вале онҳо аз хӯрдани таъом худдорӣ карданд.

Сипас малоикаҳо ба Иброҳим гуфтанд: Аз мо ваҳм макун... Мо малоикаҳои Худо ҳастем, моро фиристод то қавми гунаҳкори Лутро ҷазои сазоворе диҳем. Дар роҳ туро зиёрат кардем, то туро мужда диҳем, ки фарзанддор хоҳӣ шуд. Ҳазрати Иброҳим (а) аз ин мужда хеле хурсанд шуд, завҷааш табассум на¬муд. (Синну соли завҷааш ба пирӣ расида буд ва таваллуд накарда буд).

Ҳазрати Иброҳим (а) бар ҳоли Лут (а) ва пайравонаш нигарон шуд. Малоикаҳо инро пай бурда гуфтанд: Ягон азобу зараре Лут (а) ва пайравонашро нахоҳад расид, магар завҷаашро, ки аз ҷумлаи кофирон ва бедин мебошад.

 

БА СӮИ ДЕҲАИ ЛУТ (а)

Малоикаҳо аз назди ҳазрати Иброҳим (а) баромада ба сӯи деҳаи Лут (а) раҳсипор шуданд ва ба сурати ду навҷавони зебо ба деҳа дохил шуда меҳмони Лут (а) шуданд. Лут (а) аз тарси ин, ки қавмаш ӯро бе обрӯ нанамоянд меҳмон доштанашро пинҳон намуд (малоика будани онҳоро намедонист).

Лекин қавми бадбахташ меҳмон доштани ӯро фаҳмиданд ва хостанд бо меҳмонони Лут (а) фаҳшкорӣ намоянд. Кӣ сирро фош намуд, ки дар назди ӯ меҳмон аст: Ин ҷо касе ҳаст, ки медонист назди Лут (а) меҳмон аст ва кофиронро хабар додааст? Ва бояд ин суханчин ва хабаркаш мисли онҳо кофир бошад.

 

ЗАВҶАИ ЛУТ (а)

Дар ҳақиқат завҷаи Лут (а) буд, ки кофиронро ба меҳмон доштани ӯ хабар карда буд ва сирро фош карда буд. Кофирон ва бадкорон ба хонаи Лут (а) омаданд ва аз ӯ талаб намуданд, ки меҳмононро ба онҳо таслим кунад, то бо онҳо бархӯрд ват кори бадашонро анҷом диҳанд.

Паёмбар онҳоро насиҳат кард, ки ба кори фаҳш даст назананд ва аз ҳаром дур шаванд. Лекин онҳо мардуми паст ва разиле буданд насиҳати Лут (а) – ро гӯш накарданд ва бо қаҳру ғазаб хос¬танд ба меҳмонон таҷовуз намоянд. (Кофирони қавми Лут (а) одат карда буданд, ки агар ба деҳа меҳмоне меомад ба номуси он меҳмон таҷовуз мекарданд).

 

ҲАҚИҚАТ

Ҳазрати Лут (а) аз ин, ки хонааш фоҳишону разилон зада даромада ва меҳмононашро беобрӯ месозанд, хиҷилу маъюс нишаста буд. Меҳмо¬нон бо табассум ба назди Лут (а) омаданд ва ба ӯ гуфтанд: Мо омадем то туро ва пайравонатро наҷот диҳем. Ту нигарони ҳоли мо набош, дар охири шаб бо мӯъминон аз деҳа хориҷ шавед, зеро азоби Илоҳӣ болои кофирон фурӯд меояд. Малоикаҳо Лут (а) - ро таъкид намуданд, ки завҷаашро бо худ нагирад, зеро ки ӯ кофиру бедин аст ва ҳамроҳи кофирон гирифтори азоб хоҳад шуд.

Расули Худо аз шунидани ҳарфҳои фариштаҳо ҳақиқати ҳолро дарк кард ва хавфу андуҳ аз ӯ дур шуд ва шукри Худоро кард.

Просмотры (1646)  Комментарии (0)  Форум (Киссахои Исломи)
Зарегистрированный
Анонимно